Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки “Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудан аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷӣ то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. То ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”.
Албатта вазъи ҷаҳони муосир хушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Имрӯзҳо неруҳое ҳастанд, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи ҷомеаро ноором созанд.
Дар Тоҷикистони биҳиштосои мо низ падидаҳои номатлубе мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнӯъшудаи наҳзати исломи Тоҷикистон аз қабили онҳост. Ҳарчанд фаъолияти ин ҳизб имрӯз дар сарзамини мо манъ шуда бошад ҳам, пайравони он паноҳ бурда, бо гурӯҳҳои ифротии муҳими хориҷа пайваста, дар андешаи ноором кардани ҷомеаи кишвар корҳои ифлоси сиёсии худро идома дода истодаанд. Замону вақт исбот намуд, ки ҳизби мазкур қудрат ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро карда натавонист.
Ҳизби наҳзати ислом бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқу фаъолияти расмӣ, натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва сӯиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои иғвоангезро ба роҳ мондааст. Ҳизби наҳзати ислом ҳатто ба моҳияти динии мубини ислом ихтилоф дорад. Роҳбарони он ҳатто байни худ тифоқ нестанд. Ҳар яке аз онҳо барои курсии ҳокимият, ки ҳатто дар хоб насибашон намегардад, талош доранд. Якчанд гурӯҳҳоро ташкил намуда, дар ҷаҳони иттилооти интернетӣ ҳар яке муборизаи муғризона мебаранд. Ҳама заҳматҳо баҳри ба даст овардани ҳокимият буда, лек бо кадом роҳ ба даст овардан барояшон фарқе надорад ба монанди масале, “Гур сӯзаду дег ҷӯшад”.
Мехоҳам, ба онҳо бигӯям: Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо Пешвои худ ифтихор дорад! Бас аст “ҷакиданҳои” беҳуда! Халқи бузурги тоҷик аллакай “шаҳди шакари заҳромехтаи” шумо – ифротиёнро чашидаанду шоҳиди ҳосили хунинӣ он ҳам гаштаанд. Орому осуда бихобед дар кишварҳои паноҳбурдаатон бо хоҷагони хориҷии худ.
Имрӯз, халқи қуҳанбунёду меҳнаткаши тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризму экстремизмро маҳкум намуда, дар ободониву созандагӣ, рушду нашъунамоӣ Ватани маҳбуби худ саҳми босазо гузошта истодааст. Мо ҳама шукуфоии Тоҷикистони азизро тараннум мекунем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон