Терроризм яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ мебошад, ки суботи ҷомеа ва амнияти шаҳрвандонро зери таҳдид қарор медиҳад. Ҷавонон яке аз гурӯҳҳои осебпазиранд, ки метавонанд ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтида, ба фаъолияти террористӣ ҷалб шаванд. Аз ин рӯ, пешгирии терроризм дар байни ҷавонон масъалаи муҳим ва тақозои ҷомеаи муосир мебошад. Яке аз сабабҳои асосии гароиши ҷавонон ба терроризм ин надоштани маърифати сиёсӣ – ҳуқуқӣ аст.
Ҷавононе, ки дар бораи ҳуқуқҳои худ маълумоти кофӣ надоранд, метавонанд ба осонӣ фирефтаи таблиғоти ифротгароён гарданд. Омили дигар бошад, фишорҳои равонӣ – эҳсосӣ, доштани мушкилоти шахсӣ, ноумедӣ аз зиндагӣ ва эҳсоси нобаробарӣ метавонанд боис шавад, ки ҷавонон ба доми ифротгароён афтанд.
Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки рушди босуръати техника ва технологияи муосир ба руҳияи ҷавонон таъсирҳои мусбат ва манфии худро мерасонанд. Таъсири муҳити иҷтимоӣ – интернет, воситаи ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва монанди инҳо метавонанд ҳамчун манбаи таблиғи ақидаҳои ифротгаро истифода шаванд. Аз ин рӯ, мо, зиёиёнро зарур аст, ки роҳҳои пешгирии терроризмро миёни ҷавонон роҳандозӣ намуда, ташкили барномаҳои маърифатиро дар мактаб, коллеҷу муассисаҳои олӣ барои пешгирии хатари ифротгароӣ бо як масъулияти баланд амалӣ кунем.
Ҳамин тавр, терроризм хатари ҷиддиест, ки метавонад ояндаи ҷавононро зери шубҳа гузорад. Барои пешгирии он ҳамкории ҳамаҷонибаи давлат, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва оила муҳим мебошад. Танҳо бо таъмини имкониятҳои рушд, маърифати дуруст ва муҳити солим метавон ҷавононро аз хатари терроризму экстремизм ҳифз кард.
Ҷангу низоъ, мухолифатҳои мусаллаҳона, қатлу куштори одамони бегуноҳ ба инсоният танҳо бадбахтиву рӯзи сахт меорад.Аз ин лиҳоз мо, зиёиёнро мебояд, хатари чунин гурӯҳҳои ифротгароро ба насли наврасу ҷавон фаҳмонда, барои пешгирии онҳо аз чунин таҳдидҳои замони муосир ҳама тадбирҳои лозимаро татбиқ намоем.
Борониева Сакина,
Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе