Бадбахтона, дар замони муосир сафи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогаҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми хоҷагонашон қурбон мекунанд.
Ба назар мерасад, ки ноогаҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Гурӯҳҳои террористӣ бо ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд. Аммо, бояд таъкид намуд, ки дар пайи ин ҳама ғаразҳои ғайриинсонӣ истодааст, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд, зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳар чизи дигар муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки ин амали нангин ҳеҷ гоҳ обрӯ, мақом шуҳрати ҷаҳонии кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ коста намегардонад. Имрӯз ба иқтидори ҳарбӣ, тавоноии мудофиавӣ, ҷасорату матонати сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша шакку шубҳае нест. Ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористии як гурӯҳи ҷинояткор ҳеҷ гоҳ фазои ором, сулҳу суббот ва ваҳдати пойдори моро халалдор карда наметавонад.
Низоъ, ҷанг, муқобили ҳамдигар ва амсоли ин инсониятро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамроҳӣ мекард ва имрӯз ҳам ин зуҳурот аз ҷумлаи мушкилоти миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ мебошад. Тарбияи шахси башардӯст аввал дар оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ идома меёбад.
Вақти он расидааст, ки омӯзгорон дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намоянд.
Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту комилҳуқуқи ҷомеа аст.
Абдуназаров Завқибек,
мудири хоҷагии МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе