Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №1 Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва амалӣ намудани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид.
Баромадкунандагон Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дода, доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак», масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан суханронӣ намуданд.
Иброз шуд, ки экстремизм ва терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза ва вабои аср аст, ки ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. Ҳадафи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ноором сохтани давлат ва ангехтани низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ даъват гардид, ки бояд барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки фарҳанги истифодаи интернет назорат ва аз мутолиаю паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ низ худдорӣ карда шавад.
Зимни суҳбати озод масъулин ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон