• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Migration Service by Migration Service
02.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муборизаи оштинопазир – алайҳи зуҳуроти номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони муосир инсоният ба хатари ҷиддие, ки ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гашта истодааст, ки онро терроризм ва экстремизм ном мебаранд. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми ғаразноку нопоки худро тавасути зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва бо дигар роҳҳо амалӣ созанд.

Айнӣ замон дар байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табии, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Дар аксари мавридҳо онҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки миёни динҳою мазҳабҳои гуногун душманӣ ва зиддият барангезанд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».                   

Тероризм  худ як падидаи номатлуб ба ҳисоб рафта, пешгирии ин падидаи номатлуб яке аз мавзуҳои мубрами ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо ҷавононе, ки ба қатори равияҳои бегона аз ҷумла, ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ ҳамроҳ мешаванд, натанҳо бедину беимон, балки ҷиноятокор ва хоини Ватану миллати хеш ба ҳисоб мераванд.

Ҳадаф ва нақшҳои  таҳрезишудаи гурӯҳҳои ифротгаро аз байн бурдани оромии бебаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони мо мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонони бонангу ори кишварро мебояд барои бедории сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, содиқона дӯст доштани Ватан, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, гиромидошти муқадасоти миллӣ ҳамаҷониба устувор бошанд. Дар кишвари мо ҷавонон ва шаҳрвандони бонагу номус зиёданд, ки ба чунин беватанҳои хоин имконият намедиҳанд, ки ваҳдату якпорчагии кишварамнро нобуд созанд. Мо ба сарбозону ҷавонони ватандӯст эътимоди комил дорем.

Мутаасифона ҳоло ҳам  дар байни ҷавонон касоне пайдо мешаванд, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда ба ваъдаҳои пучу бардурӯғи онҳо бовар намуда, ҳаёти ширини худро зери таҳдидҳои марговар мегузоранд ва обрӯю эътибори волидайн ва ватани худро коста мегардонанд. Ҷавонон бояд иродаи қавии хешро аз даст надода, ҳушдор бошанд, ки терроризм ва экстремизм яке аз омилҳои хатарфазо мебошад, ки аҳолии саёраро ба таҳлука андохтаасст.

Ин рафтори  номатлуб ва мудҳиши ҳаёти ҳазорон  ҷавонмардону модаронро рабуда, ба тақдири ояндаи ҳар давлату миллат таъсири  бениҳоят манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи бораи  мубориза ба зидди терроризм” омадааст: “Мубориза  бар зидди тероризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки  давлат буда, функсияҳои худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд амалӣ менамоянд”.

Мо сокинони Тоҷикистони биҳиштосоро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои якпорчагии Ватан, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти мамлакати маҳбубамон талош варзем, то ки насли ҷавон фирефтаи ин гуна амалҳои ношоиста нагарданд. Ҷавонони далеру шуҷои Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъ гардида, сиёсати сулҳофари Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ ва баҳри фардои гулгулшукуфоии Ватанамон меҳнати содиқонаи хешро ба пеш баранд, зеро Ватани моро  танҳо худи мо обод месозем. Поянда бод Тоҷикистони ободу озод.

Аноятшоев И,

Мудири бахши Хадамоти муњољирати дар шаҳри Хоруғ

Previous Post

ҚОНУНӢ ГАРДОНИДАНИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Next Post

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Истаравшан

Next Post
Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Истаравшан

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Истаравшан

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.