Баррасии мафҳуми терроризм яке аз масоили мушкилу ҳалталаб дар таҳқиқи илму ҳуқуқ ва таҷрибаи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дониста мешавад.
Терроризм яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини ҷомеаи имрӯзаи мо буда, на танҳо характери миллӣ, балки байналхалқӣ дорад.
Ҳар як кишвар хусусан давлатҳои пешрафтаву абарқудрат ба хотири мустаҳкам кардани мавқеъ, пойдор нигоҳ доштани амният ва мақоми сиёсиву иқтисодии худ ба андозаи бесобиқа кӯшиш мекунанд.
Аз ин лиҳоз, мо низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванди хеле мураккаб ва пурҳаводис бояд натанҳо асолати миллии худро ҳифз намоем, балки бо заҳмати созанда ва содиқонаву софдилона рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламонро таъмин созем.
Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту якум табдил ёфтааст, ки онро мо ҳар рӯз тариқи ахбори оммавӣ, ки дар дигар хориҷи кишварҳо рух медиҳанд, мебинем ва вазифадор ҳастем барои пешгирии ин ҷиноятҳои мудҳиш мубориза барем.
Сабабҳои шомилшавии бархе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳост.
Мегӯянд, ки террорист на Ватан дораду на миллат.
Дар ҳақиқат ин ҷумларо борҳо такрор ба такрор мегӯему талқин месозем, ки аз чунин ашхоси манфур дар парҳез бошанд.
Ба қадри муқаддасоти кишвар расем.
Зеро барои чунин афрод муқаддасоти Ватану ватандорӣ бегона аст.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони миллатдӯсту ватанпарварро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи сохти конститутсионии кишвар муборизаи беамон барад.
Танҳо дар сурати чунин тарбия намудани насли нави миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод эътимоди комил дошта бошем.
Муборизаи якҷоя ва дастҷамъонаи мардуми мо ин эмин нигоҳ доштани сайёра, минтақаҳои аҳолинишин аз офати чунин ҷиноятҳои мудҳиш мебошад ва мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд бо рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ, бо чунин ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ муборизаи қатъӣ барем ва Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм аз чунин унсурҳо ҳимоя намоем.
Назаров Бузургмеҳр,
мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират