Терроризм ва экстремизм яке аз роҳҳои ба амалбарории муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафкан бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.
Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.
Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ терроризм хусусияти фаромиллӣ касб намуда, ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Омори байналмилалӣ нишон медиҳад, ки амалҳои террористӣ дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳода, шумораи қурбониён сол то сол зиёд мегардад ва усулҳои истифодашаванда торафт мураккабтар мешаванд.
Яке аз хусусиятҳои хатарноки терроризм ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷии шахсон, бахусус ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Дар ин раванд, бо роҳи таҳрифи мафҳумҳои динӣ ва тағйири тафаккуру ҷаҳонбинӣ шахсони ноогоҳ ба амалҳои зиддиқонунӣ ҷалб карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризмро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии худ мешуморад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳоро дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ, қатъ ва бартараф намудани оқибатҳои амалҳои террористӣ танзим менамояд. Дар доираи ин фаъолият таъмини ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор, таҳкими иқтидори касбӣ ва омодабошии доимии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Бо мақсади тақвияти заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, дар кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, аз ҷумла қонунҳо дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, инчунин, консепсия ва стратегияҳои миллӣ дар ин самт. Қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ба ҳамкории фаъоли давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ин амали хатарзо равона шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муштарак дар муқовимат бо ин таҳдидҳо даъват менамоянд.
Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳим пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ метавонанд ҳамчун омилҳои асосии коҳиши терроризм ва экстремизм хизмат намоянд.
Мардуми Тоҷикистон терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҷомеаи ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин падидаи номатлуб дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ муҳим медонанд.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

