• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризмро маҳкум мекунем!

Migration Service by Migration Service
19.11.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризмро маҳкум мекунем!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳама мардуми олам имрӯз аз зуҳуроти номтлуби аср, ки онро «вабои аср» номидаанд, хело дар ташвишанд. Онро, ки терроризм ва экстремизаш мехонем, тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳониро водор сохтааст, ки бо он муборизаи беамон барад. Зеро шомил гаштагони ин ҳаракатҳои тундрави маҳкумшуда мехоҳанд, ки бо воситаи куштор, вайрон кардани оромӣ, халал ворид сохтан ба ҳаёти осоиштаи ҷомеа, аз ҳамаи корҳои манфур истифода баранд.

Тоҷикистони азизу ҷавони мо, ки як қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, аз мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар канор буда наметавонад.

Дар ин асно, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул гардида аст. Бо қабули ин қонунҳо ташаккули яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатдории Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Барои дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас тамоми шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон истифодаи самараноки нерӯи зеҳниву ахлоқӣ ва ҷисмонии насли наврас, яке аз афзалиятҳои стратегии давлат ва ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад.

Аммо мусаллам аст, ки коста гардидани ахлоқи гурӯҳе аз ҷавонону наврасон, ҷалб гаштани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгароӣ, бахусус, гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ, вайронкунандагони мафкураи зеҳнию ақлонии ҷавонон гардидааст.

Ба чунин гурӯҳҳо онҳое дохил мешаванд, ки дар оила тарбияи дурусти ахлоқӣ нагирифтаанд, онҳое, ки саводи казоии дарккунии ҳар амали худ нестанд, мафкураи танги ҷаҳонбинӣ доранд, дар муҳити ҷангу ҷидолу хархашаву хушунат ба воя расидаанд, китобҳои адибони босалиқаи оламро, ки ба некиву некукорӣ, амалҳои беҳтарини инсонӣ, мардиву мардонагӣ, ватанпарвариву меҳнати ҳалолро талқин кардаанд, ҳатто ба даст нагирифтаанд. Пас ин ашхосро ба банди доми худашон даровардани террористон хеле осон аст.

Ба ҳама маълум аст, ки яке аз ҳиссиёти нозуктарини халқи мо, ин ҳиссиёти динист. Чунин афрод иддаи пайравӣ аз Қуръони Кариму ҳимоя аз Ислом карда, амалҳои зишти худро бо ин китоби муқаддас ва дини мубини Ислом маҳсуб менамоянду ба қатлу куштор даст мезананд, амнияти инсониятро ба хатар меандозанд. Чунки ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ медонанд, ки ахлоқи ҷомеаи мо аз дин вобастагии калон дорад. Ба ин хотир, ҳаматарафа аз он истифода бурда, ҳаракат мекунанд, ки тафаккурамон пойбанди хурофот ва ихтилофҳои мазҳабиву динӣ бошад, на тафаккури илмӣ, ки давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба қуллаҳои баланди технологиву маърифатӣ расонидааст.

Ҳар фарди имрӯзи Тоҷикистон ба ин кирдорҳои ғайриинсонии ифротгароён набояд бетараф бошад, балки бар зидди он муборизаи беамон барад.

Ҷомеаи имрӯза, хусусан ҷавонон, он ҷавонони раҳгумзадаи солҳои 90 – уми садаи бист нестанд, дараҷаи тафаккуру дарккуниашон хеле ва хеле пеш рафтааст, ки масъулияти имрӯзаи сиёсати давлати ҷавонамонро аз як тараф ба душ гирифтаанд. Чун як тану ҷон бо ҷомеаи имрӯза масъули амнияти ватананд.

Имрӯз, дар руҳияи ватандустӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли наврас, шукри Истиқлолу ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои асоситарини муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳар як дилсӯхтаи миллат бо роҳи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳо байни ҷавонон, дар пешгирӣ намудани ҳама амалҳои номатлуб ҳиссагузор бошад. Ҳар як зуҳуроти зишт, аз ҷумла, терроризму экстремизмро сари вақт ошкор намоем, пеши роҳашонро гирем, муборизаи беамон барем, то халқи бегуноҳ ҷабр набинад.

Вазифаи аввалиндараҷаи мо, насли калонсол, ин эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳама гуна суйистифода аз ҷониби нерӯҳои манфиатдор ва дигар хатарҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ мебошад. Мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, парвариши эҳсоси ифтихори ватандорӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, бо мақсади шомил нагардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрави террористӣ экстремистӣ, мазҳабу равияҳои бегона ҳиссагузор бошем.

Шарипов Тоҳир,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Пешгирии зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст

Next Post
Пешгирии зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст

Пешгирии зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.