Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба масъалаи ташкили корхонаву коргоҳҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бакорандозии иқтидорҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда, ба касбу замономӯзӣ ва меҳнати фоиданок ҷалб намудани аҳолии бешуғл, ҳамзамон мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм эътибори махсус доданд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи вазифаҳои хизматӣ ва имкониятҳои мавҷуда бахши робита бо ҷомеа якҷоя бо МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» – и Хадамоти муҳоҷират дар самти мазкур корҳои муайянро ба иҷро мерасонанд.
Чунин як вохӯрии судманд бо сокинони пойтахт дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули робита бо ҷомеа ва Маркази машваратӣ роҳандозӣ карданд, пурра ба мавзӯи муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм, ворид гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО бахшида шуд.
Зимни вохӯрӣ корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин оид ба қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва меъёрҳои қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират, инчунин, оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир маълумот дода, аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки ҳаргиз фирефтаи иғвою дасисаҳои душманону бадхоҳони миллат нашаванд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Дар навбати худ корманди Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар назди ҷамъомадагон гуфт, ки муассисаи онҳо омодааст, як гурӯҳ шаҳрвандони мамлакатро, ки соҳибкасб мебошанд, бо ҷойи кор берун аз ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ширкатҳои Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо таъмин намояд.
Шахсоне, ки ба ин Марказ муроҷиат мекунанд, ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо ройгон сурат мегирад. Ҳамзамон ба ҳозирин рӯйхати ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” бо номгӯи пурраи ихтисосҳо, шароити корӣ, меъёри музди меҳнат, талаботи корфармо пешниҳод карда шуд.
Дар хотимаи суҳбат ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буклетҳо бо мазмуни: “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” бо забони тоҷикӣ супорида шуд.
Чунин вохӯриҳои судманд бо сокинони пойтахт ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират