Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати як муддат парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ гардида, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва гул-гул шукуфт.

Имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, зеро ваҳдату сулҳ дар хонадони ҳар яки мо ҳукмфармост.

Ҳамзамон, хотиррасон менамоям, ки амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири зиндагии арзанда ва осудаҳолии мардум буда, заминаи устувори рушди минбаъдаи давлату миллат мебошанд.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем.

Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем. Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан намуд, аҳамияти байналмилалиро низ ба худ касб кард, ки он метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад.

Бигузор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Модоме, ки мо мехоҳем дар оянда номи тоҷику Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, пас ҳар қадар, ки метавонем аз ҳар гуна хатоҳо эҳтиёт кунем, ҳатто аз хурдтарин амал ё коре, ки сабаби костагии обрӯю эътибори мо дар назди ҷаҳониён мегардад, даст кашему бо одобу ахлоқи ҳамида, бо илму маърифат ва ақлу хиради инсонӣ зиндагӣ кунем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки Тоҷикистони биҳиштосо дорем ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат, пешрафту ободии он ва гиромидошти арзишҳои миллиамон ҳамеша омода бошем. Зеро Ватани асливу муқаддаси мо, зодгоҳи мо, орзуву умед ва сарчашмаи хушбахтиву саодати мо Тоҷикистони азизамон аст».

Саҳми арзандаву хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату каҳрамонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Вобаста ба масоили марзии байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳатто бо даргириҳои хунин анҷом ёфт, чанд моҳ қабл дар саҳифоти фейсбукӣ мақолаи таҳлилгари масоили байналмилалии сиёсӣ Абдуллоҳи Роҳнамо ба табъ расида буд.

Дар мақолаи таҳлилии коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» гуфта шудааст, ки моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст.

Гуфта мешавад, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод).

Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Дар воқеъ, устоди сиёсатмадор Абдуллоҳи Раҳнамо дуруст қайд намудаанд, ки дар ягон ҳолат Тоҷикистон наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор ё агрессор шинохта шавад, зеро Тоҷикистон то кунун ба қаламрави ягон кишвари ҳамсояе ҳуҷум накардааст, балки заминҳои қонунии худро талаб менамояд.

Ин ҷо сухан дар бораи якпорчагии Тоҷикистон, баргардонидани заминҳои ғасбшуда ва ҳимояи марзу буми Ватан меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, дар тӯли истиқлолияти худ бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.

Коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо моҳият ва хусусияти ин низои марзиро дар асоси ҳуҷҷатҳои боэътимоди таърихӣ хело амиқ ва илмӣ таҳлил намудаанд.

Аз ҷумла, дар мақолаи мазкур дарҷ гардидааст, ки «… бо вуҷуди ин, аз бойгониҳои таърихии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овардани ҳуҷҷатҳои тақисмоти марзӣ дар лаҳзаи таъсиси ин ду ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои комиссияи махсуси Шурои Олии ИҶШС дар соли 1990 яке аз вазифаҳои муҳими раванди музокирот ва мушахасозии марзҳо ба ҳисоб меравад.

Зеро ин ҳуҷҷатҳо метавонанд нуктаҳои зиёдеро равшан кунанд. Аммо чизе, ки муайян аст, ин санадҳо низ «ҳақиқати Тоҷикистон»-ро тақвият хоҳанд дод».

Дар воқеъ, Абдуллоҳи Раҳнамо дуруст қайд намудаанд. Зеро, мақсади асосии навиштаҷоти эшон шарҳи содаи баёни мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ташаккули тасаввури дақиқу равшан дар бораи ин масъала миёни аҳолии ин ду кишвар буд.

Хулоса, мардуми сарбаланди кишвар бояд баҳри ободию шукуфоии диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ҳиссагузор бошанд.

Ҳар як шаҳрванд бояд, роҳи дурусту қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда, барои бунёди ҳаёти осоиштаву сазовор бо меҳнати ҳалолу фоидаовари ба нафъи ҷамъият буда машғул гардида, барои бартараф намудани муаммоҳои умумиҷамъиятӣ саҳмгузор бошад.

Мо, сокинони ноҳияи Варзоб вобаста ба вазъияти кунунии ба амал омада, ба шароит ва ҳолати имрӯзаи ин пораи Тоҷикистон ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои ҷиноятӣ гардида, ҳар гуна амалҳои номатлубро бар зидди давлату миллати хеш раво бубинем!

Бинобар ин, ҳар як сокини ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои гуногун бетарафӣ зоҳир накарда, бояд дар таҳкими пояҳои давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Зеро, мо ҷавонон Ватани азизи худ-Тоҷикистони соҳибистиқлолро дӯст дошта, азм дорем, ки баҳри боз ҳам обод гаштани диёри хеш саҳмгузор бошем. Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст.

Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират – роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо