5 ноябр дар Хадамоти муҳоҷират тренинг – машғулият барои рушди доимӣ ва баланд бардоштани малакаи дониши кормандони Хадамоти муҳоҷират, ки аз ҷониби ICMPD дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст, баргузор гардид.
Мақсади аз баргузории тренинг, ин баланд бардоштани малакаи дониши шахсони алоҳидаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар тренинг мавзӯи “Муҳоҷират ва ВАО дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ” баррасӣ шуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират