Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузаштан ба иқтисоди хизматрасониҳои рақамӣ ва дар ин замина беҳтар намудани назорат ва ҳисоботдиҳӣ тавассути ҷорӣ намудан ва гузаштан ба технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъмин намудани рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ, 3 май дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират, аз ҷониби ташкилоти хориҷӣ (GIZ) Ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Дастгирии табдили рақамӣ дар Тоҷикистон”, барои кормандони Хадамот баргузор гардид.
Мақсад аз баргузор намудани чунин тренингҳо ин баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони Хадамоти муҳоҷират дар самти мазкур равона гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки дар чорабиниҳои ташкилгардида аз ҷониби ширкати хориҷӣ то 15 наафар кормандони Хадамот иштирок намуданд.
Дар тренинг мушовири байналмилалӣ Томас Пикарчик дар мавзӯи табдили рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин фаҳмонида дод.
Мавриди зикр аст, ки барномаи мазкур раванди соддагардонидашудаи хизматрасони ба муҳоҷиронро, дар бар гирифта, ба онҳо роҳҳои ба таври осон ба қайд гирифтан дар хориҷ ва дохили Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия медиҳад.
Дар баробари ин Системаи ягонаи иҷозатномадиҳии Хадамоти муҳоҷират, имкон фароҳам меорад, ки шаҳрванди кишвари хориҷа бевосита бидуни миёнарав ва хароҷоти зиёдати худро барои сафар омода намояд.
Ҳадафи таъсиси Системаи ягонаи иҷозатномадиҳии Хадамоти муҳоҷират, дар кишвар ин ноил шудан ба самаранокии фаъолияти кории ин ниҳод ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлати расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, хароҷоти зиёдатӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот мебошад.
Афзалиятҳои барномаи мазкур дар он аст, ки кори муҳоҷиронро бамаротиб осон мегардонад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират