• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Тренинги омӯзишӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”

Migration Service by Migration Service
14.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

13 ноябр бо ташаббуси МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”- дар шаҳри Душанбе якҷоя бо Намояндагии дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар” барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” тренинг барпо гардид, ки зимни он муҳоҷирони меҳнатӣ ва намояндагони Марказ ширкат варзиданд.

Зимни тренинг маълум шуд, ки аксарияти ҷамъомадагон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ шуда, аз ноилоҷӣ дидаю дониста фаъолияташонро берун аз Ватан идома дода истодаанд.

Ҳамзамон коршиносон доир ба омодагӣ пеш аз сафар, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ барои барасмиятдарории фаъолияти кории худ дар хориҷи кишвар, рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ва қонунҳои амалкундаи кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷират суҳбат намуда, ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфид ва маълумотҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки муҳоҷир пеш аз сафар бояд давлати интихоб кардаашро хуб омухта, аз забон, қонун, қоидаҳо ва урфу одати он бохабар бошад. Инчунин дақиқ намояд, ки дар куҷо метавонад ҷойи корӣ хуб пайдо кунад ва дар сурати ба вуқуъ пайвастани ҳолатҳои ногувор шинос ё наздикон метавонад дар муддати аввал то ёфтани ҷойи кор ва ҷойи хоб ба ӯ кумак расонанд.

Танҳо дар сурати андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба ин ҳолатҳо сафари муҳоҷирро то андозае бехатар ҳисобидан мумкин аст.

Имрӯзҳо, муҳоҷират ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфта, ҳамасола аз кишвари мо низ ҳазорон нафар одамон бо мақсади дарёфти ҷойи кору манбаи даромад ва беҳтар кардани шароити зиндагии худ ва аҳли оилаашон ба давлатҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ равона мегарданд.

Мутаассифона, баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби надоштани иттилооти зарурӣ дар бораи муҳоҷирати қонунӣ барои пайдо кардани кор дар хориҷа душворӣ мекашанд. Баъзан кор ёбанд ҳам, музди меҳнати худро гирифта натавониста, ба доми қаллобон меафтанд ва ё ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор шуда, ранҷу азоби зиёде мекашанд.

Барои пешгирии чунин хатарҳои муҳоҷират ҳар як шахсе, ки мехоҳад ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад, бояд дар бораи қоидаҳои муҳоҷират ба кишварҳои хориҷӣ маълумот дошта бошад.

Шумо нияти ба Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Кореяи Чануби ва ё давлатҳои дигар нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доред, вале роҳи пайдо кардани кор дар ин кишварҳоро намедонед? Пас, ҳатман ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”- дар шаҳри Душанбе ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ҳамеша омодаанд ба сокинон кумак намоянд

Next Post

Масъалаи тундгароӣ дар ҷомеаи кишварамон бисёр актуалӣ мебошад

Next Post

Масъалаи тундгароӣ дар ҷомеаи кишварамон бисёр актуалӣ мебошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.