Туҳфаҳои солинавӣ ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон

Бояд қайд кард, ки бо ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамасола ба ниёзмандон, мактаб-интернатҳое, ки дар он ҷо маъюбон ва кӯдакони оилаҳои камбизоат таҳсил менамоянд кӯмаки хайриявии худро расонад.

Аз ҷумла, 29 декабр Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо пайғоми солинавӣ ба МД «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, туҳфаҳои солинавиро тақдим намуданд.

Тавре аз иттифоқи касабаи Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ба тарбиятгирандагони ин даргоҳи таълимӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодии 2022 муборакбод гуфтанд.

Чунин инқдоми нек аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ҳамасола баргузор мегардад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо