• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ваҳдат – ҳастии миллат

Migration Service by Migration Service
25.06.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Табрикоти Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ба шумор меравад, самимона табрик мегӯям.

Мо медонем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати мо таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва санҷишҳои сангини таърихиро аз сар гузаронд.

Бо таъсиру дахолати қувваҳои беруна ихтилофи сиёсӣ ба низоъҳои дохилӣ оварда расонд, ки дар натиҷа ҳазорҳо шаҳрвандони мо иҷборан тарки ватан карданд.

Кишвари ҷавони мо зери хатари нестшавӣ қарор гирифт.

Хушбахтона ба бахти миллати сарбаланди тоҷик роҳбарии давлати азияткашидаро сарвари ҷавони матинирода Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда гирифт ва миллатро аз хатари нобудшавӣ ва халқро аз вартаи ҷанги хонумонсӯз наҷот бахшид.

Расо 27 сол муқаддам, 27 июн бо азму талошҳои фарзанди барӯманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ин сана ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи халқи тоҷик боқӣ монд.

Имрӯз мо бояд ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳ дорем.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аҳамияти аз ҳарвақта бештар пайдо кардааст.

Шумо, ки имрӯзҳо барои дарёфти ризқу рӯзӣ ва беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоии хонаводаҳои худ дар хориҷи кишвар кору фаъолият доред, аминем, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва шукуфоии ватани маҳбуб бештар мерасед.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷит карда гуфтанием, ки шумо дар хориҷи мамлакат миллати соҳибтамаддуни тоҷикро муаррифӣ мекунед.

Аз ин рӯ, дар кишварҳои қабулкунанда қоидаҳои будубош ва талаботи меҳнатиро риоя карда, фаъолияти босамар намоед.

Қабл аз сафар касбу ҳунар омӯзед, то ки дар бозори меҳнат рақобатпазир бошед.

Бо ин мақсад дар мамлакат, хоса дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тамоми шароити муосири зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ҳамаи шуморо, ҳамватанони гиромӣ, ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, офияти комил, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

Бо эҳтиром Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нодирзода Иматшо

Previous Post

Вохӯрии судманд дар ноҳияи Темурмалик

Next Post

Чорабиниҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Темурмалик

Next Post
Чорабиниҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Темурмалик

Чорабиниҳои иттилоотӣ - фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.