Ҳифзи дастовардҳои нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ, вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таърих гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ин ҷониб бисёре аз руйдодҳои рангину сангинро паси сар кардааст, ки имрузҳо мардум онро ҳам ба некиву ҳам ба ҳасрат пеши азар меоранд.Ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар сарзамини мо ба вуқуъ пайваст, тавонист то андозае ин миллатро аз роҳи расидан ба ҳадаҷҳои худ ва ояндаи бобарор боздорад. Зеро ин ҷанги таҳмили боиси он гардид, ки бисёре аз равшанфикрон ва аҳли зиёи мамлакат рӯ ба гурез ниҳоданд.
Умри неки ҷовидон аз Ваҳдат аст,
Шодии пиру ҷавон аз Ваҳдат аст.
Ваҳдат калимаест, ки ба маъною оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва мутаҳиди даъват мекунад. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартаба ва ояндаи дурахшон расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои тараққиёт расонидааст.
Фаромӯш набояд кард, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ин сана дар саҳифаҳои таърихии ватанамон ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид, ки ин дастоварди нодиртарини миллат дар даврони соҳибистиқлолиамон ба шумор меравад. Маҳз бо кушишҳои Асмосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Паёми сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор бар ҳадди бузург мустаҳкам гашт, ки ин ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Поянда бод Истиқлол ва ваҳдати миллӣ, ҳумоюн бод ин ҷилои абадият барои тамоми тоҷикону тоҷикистониён!
Ин Ватан, ин сарзамин аз Ваҳдат аст,
Иттифоқӣ, ҳамнишин, аз Ваҳдат аст.
Меваи покаш бувад ин иттифоқ,
Ҳамдили дар ин нигин аз Ваҳдат аст.
Пора-пора гашта буд давлат зи ҷанг,
Миллати сарҷамъ бин , аз Ваҳдат аст.
Зери ҳарфи Пешво як тан шудем,
Ҳарфи неки некбин, аз Ваҳдат аст.
Ваҳдати мо нангу ори халқи мост,
Ин шукуҳу офарин, аз Ваҳдат аст.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз!
Ғайбуллоев Баҳрулло,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ