Ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои хосси миллати мост ва он ҳамасола 27-уми июн дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бошукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҷашн муҳимтарин дастоварди Тоҷикистони азиз дар даврони истиқлол ба шумор рафта, ба шарофати он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба охир расидааст.
Ин сулҳу ваҳдат боиси наҷоти давлату миллатамон гардид. Маҳз бо маҳорати давлатдориву инсондӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқ сарҷамъ гардид ва ба сӯи созандагӣ қадам ниҳод.
Миллати фарҳангсолори тоҷик ҳамеша ҷонибдори сулҳу дӯстӣ буд ва мемонад.
Имрӯз Тоҷикистониён ханда бар лаб доранд ва шоиран ваҳдату сулҳро месароянд.
Чи тавре, ки Абдуқаҳҳори Қосим гуфтааст:
Аз паёми Сарвари мо бӯи Ваҳдат мерасад,
Бӯи гулбоғи муҳаббат бо саодат мерасад.
Мешавад ободу зебо ҳурмакони тоҷикон,
Чун сафои Пешвои халқу миллат мерасад.
Нест кори мо барои кинаю бухлу ҳасуд,
Баҳри мо ин лаҳза як дунёи ҳикмат мерасад.
Сарфарозиҳои мо аз Ваҳдату созандагист,
Иттиҳод оне, ки дорад бар саломат мерасад.
Роҳ агар гум кардаи ҳушёр бошу ғам махӯр,
Пешвои миллати мо бо ҳидоят мерасад.
Шӯҳрату шони Ватан, ин шӯҳрату шони ман аст,
Пайки нав аз рушду шаъну шони миллат мерасад.
Ваҳдати миллӣ, чи хуш орад ба мо рӯзи накӯ,
Шод бош, эй ҳамватан ҷашни муҳаббат мерасад.
Оре, ваҳдат хотири ҷамъи мардум, рамзи баҳамоӣ, ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, пирӯзии хирад ва тантанаи сулҳ аст. Пас, зинда бод сулҳу ваҳдат, марҳилаи
рушду нумӯи Тоҷикистон!
Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллат буда, бо хислатҳои сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирию созандагӣ ин неъмати арзишманду бузург – Ваҳдати миллиро қадр намуда, ворисони арзандаи халқу ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошем.
Баҳрулло Ғайбуллоев,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ