• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ваҳдат омили рушди устувори ҷомеа​

Migration Service by Migration Service
13.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ваҳдат омили рушди устувори ҷомеа​
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост,он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, ба мамлакати биҳиштосо мубаддал гаштан мегирад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизаткардани истиқлолияти комили давлат, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад”.

Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиши дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Агар мо ба фарҳанг назар афканем, мебинем, ки вожаи ваҳдат дар онҷо ба маънои “ягонагӣ” омадааст. Аз ин рӯ, мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мегардем, пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали некӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст.

Маҳз Ваҳдат аст, ки давлати куҳанбунёди мо дар арсаи ҷаҳонӣ аз нав барқарор гардид. Таъсиси давлати навбунёди Тоҷикистон барои мардуми тоҷик душвориҳои зиёде пеш оварда буд. Душманони миллати тоҷик мегуфтанд, ки миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад, танҳо мардуми туркнаҷоди забонгумкардае мавҷуданд, ки дар давраи муайяни таърихӣ аз сабаби омехташавӣ бо форсҳо забони хешро дигар намуданд. Аз ин сабаб, онҳо миллати алоҳида нестанд – мегуфтанд пантуркистон. Дар натиҷаи тақсимоти миллӣ – ҳудудии Осиёи Миёна, Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон таъсис ёфт. Қатъи назар аз беадолатиҳо нисбати марзи тоҷикон, ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон аҳамияти байналхалқӣ дошт, зеро баъди ҳазор сол тоҷикон аз нав соҳиби давлат гардиданд. Бо заҳмату талошҳои мардуми бонангу ори миллат, минбаъд соли 1929 ҶМШС Тоҷикистон ба ҶШС, яъне ба ҷумҳурии мустақил табдил дода шуда, ҳамчун узви ИҶШС пазируфта шуд. Дар дунё халқияте низ мавҷуданд, ки давлати хешро надоранд ва ин мусибатест бузург. Ҳарчанд Тоҷикистони кунунӣ як пораи хурди Ватани таърихии мо – тоҷикон аст, зафарманду пирӯз ҳастем, зеро давлат дорем.

Вақте соли 1991, 9-уми сентябр Тоҷикистон истиқлоли давлатии хешро ба даст овард, тоҷиконро имтиҳони нав пеш омад: Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Азму иродаи қавӣ ва нерӯи бузурги сулҳофарини халқ бо роҳбарии ҳомии сулҳ – Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ин пешомади талхро тоҷикон хирадмандона паси сар намоянд.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нав бунёд гардид, дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Аз ҳама муҳимтараш он аст, ки давлати кӯчаки мо бо корнамоии ин марди шуҷоу далер дар харитаи ҷаҳонӣ бо номи Тоҷикистон боқӣ монд.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи расидан ба сулҳ, баргардонидани садҳо ҳазор нафар гурезагон ба Ватан аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида падидаи нодир эътироф шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро зиёда аз 130 мамлакатҳои дунё расман шинохтанд.

Бузургон гуфтаанд: “Бе Ватан, бе муҳаббат ба хоки аҷдодӣ инсон наметавонад на худ ва на роҳи худро дарёбад”. Дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонро родмардони Ватан обод доранд. Месазад, ки аз фарзандони созандаи Ватан бо ифтихор ҳарф бигӯем ва дар оянда ҳамрадифи эшон бошем. Мо бояд шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем, ки дар фазояш кабӯтарони Сулҳ парвози баланд доранд. Бикӯшем, то парвози чунин парандагон дар фазои беғубори Тоҷикистон тоабад бимонад.

Абдушаҳидов Ҳумоюн,

Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мо, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намуд маҳкум менамоем

Next Post

Ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Душанбе

Next Post
Ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Душанбе

Ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Душанбе

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.