• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ

Migration Service by Migration Service
19.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. Ин калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст. Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”.

Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Дар воқеъ, ифтихор ва худшиносии миллӣ пойдевори кишвар ва бақои миллат, сабаби рушду нумӯи он мегардад. Миллате, ки худогоҳ аст, миллате, ки ифтихору ғурури миллӣ дорад, миллате, ки “деҳқонаш барои дигарон кишт намекунад”, рушди ҷовидона меёбад:

Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин,

Ҳақро чӣ шиносад зи худ бехабаре чанд.

Шоирони ваҳдатсароямон, чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Ҷомӣ, Лоиқу Бозор ва садҳо дигар, ки осорашон саросар ватандӯстонаву омӯзандаву ибратбахшу ҷовидонаанд, андешаҳои бойи таърихӣ доранд, ба мо дастур медиҳанд, ки худшинос бошем, худогоҳ бошем, донем ки кистем ва аз куҷоем.

Ҳамин Ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз вартаи фаноӣ наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Маҳз, ана ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзӯҳо сарбаландона расонид. Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд. Дар ин роҳ теша бар решаи ҳамаи фитнаангезону сияҳдилон ва ҳасудони миллати кишвари мо зад.

Имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин Созишнома аҳамияти ҳуқуқӣ доштани Ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки омади сулҳу пойдории Ваҳдат дар Тоҷикистони мо ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо заминаи лозимаро гузошт.

Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.  Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардааст ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид.

Шарипов Тоҳир,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Муқовимат алайҳи терроризм вазифаи мост

Next Post

Хатари зуҳуротҳои террористиву экстремистӣ дар ҷаҳони муосир

Next Post
Хатари зуҳуротҳои террористиву экстремистӣ дар ҷаҳони муосир

Хатари зуҳуротҳои террористиву экстремистӣ дар ҷаҳони муосир

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.