Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавонои нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон менамояд. Баъд аз талошҳои пайваста, ба хотири осудагии сокинони Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шуд. Ин неъмати бебаҳо бо кӯшишу заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ваҳдат пойдевори ҳастии миллат ва ояндаи дурахшони тоҷикистон гардид.
Таъмини Ваҳдат, якдилии миллӣ ва якпорчагии кишвари муҳбубамон бешубҳа яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсиву иҷимоии мо мебошад, ки барои ноил шудан ба неъмати бузург мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарвари давлатамон мушкилоту монеаҳои сатҳи айёми мадҳушӣ ҷанги шаҳрвандӣ ва даврони гузаришро паси сар кардааст. Ба ҳамин хотир аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин ва фараҳбахштарин руйдодҳои даврони Истиқлол ҳамасола дар саросари кишвар бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад
Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омаданд, роҳҳои замонавӣ, иншооту коргоҳ, ташкилоту муассисаҳои наву замонавӣ, дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистони азизамон қомат афрохтаанд.
Мо орзу мекунем, ки ҳамеша дар сарзамини мо тинҷию оромӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ пойдор бошад.
Умри неки ҷовидон аз Ваҳдат аст,
Шодии пиру ҷавон аз Ваҳдат аст.
Меҳани ободу зебои маро,
Ифтихору шаъну шон аз Ваҳдат аст.
Умаров Фирдавс,
Муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷират