“Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва кафили сарҷамъиву хушбахтии халқамон аст”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ барои мо кулли мардуми Тоҷикистон арзиши бисер муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, нақши ваҳдат ва эҷоди ризоияти миллӣ дар таърихи навини мо басо бузург мебошад.
Пӯшида нест, ки дар ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта, дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфта, хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тақсим шудани сарзамини муқаддас ва марзҳои ягонаи кишвар пеш омада буд.
Шукри бепоён, ки Иҷлосияи тақдирсозу таърихии XYI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум ба он ҳама бесарусомониҳову беҳокимиятӣ дар кишвар хотима гузошт. Хушбахтона, дар Иҷлосия ба сари қудрат омадани фарзанди оқилу дурандеш Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистонро ба кору зиндагӣ, ояндаи нек дилгарм намуд. Дар қалбҳои онҳо шарораи умеду боварӣ ҷой гирифт. Воқеан ҳам ин фарзанди асили миллат бо ҷасорату заковати худ девори наҷоти миллат, қалъаи амнияти Тоҷикистон гардид.
Маҳз бо шарофати саъю кӯшиш, ҷаҳду талошҳои зиёд, раҳнамоию чорасозиҳои оқилона ва хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандони асил ва соҳибхиради тоҷик, тариқи музокироти осоишта ва гуфтушунидҳои сиёсӣ расидан ба сулҳу осоиш бо ризоияти тарафайн рӯи кор омад.
Махсусан, дар он рӯзҳои вазнин ба эътидол овардани ваъияти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо фазои эътимоду бовариро афзуда, сулҳи деринтизори тоҷикон оқибат 27 июни соли 1997 фаро расид. Дар ин рӯз санади тақдирсози таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, ки рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллист, ба имзо расида, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо роҳнамои фардои неку дурахшон гардид.
Ҳар яки мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавони имрӯза фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чӣ гуна талошу заҳматҳо ва қурбониҳо ба даст омадааст.
Қарзи муқаддаси ҳар яки мост, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги сиёсии аҳолӣ, дастаҷамъона аз тамоми неруву имкониятҳо истифода намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллии бо талошу хизматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба қадри он расем, зеро маҳз бо шарофати истиқлолу ваҳдат даврони ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии осудаи мардуми тоҷик оғоз ёфта, мо ба рӯзҳои хуш, орому осуда ва саодату некбахтиҳо расида, соҳибдавлат гардидем.
Ахмедов М,
Сардори шубаи Хадамоти мухочират дар шахри Исфара