Бояд зикр кард, ки имрӯз барои мо ваҳдат аз муқаддасоти асосӣ қабул ва пазируфта шудааст. Имрӯз насли нави зодаи он рӯйи майдони кору созандагӣ ҷавлон дорад. То ҳол дар аксари ҷаҳон мардуме умр ба сар мебаранд, ки дар орзӯи ваҳдати миллӣ ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ барои ин мубориза мебаранд, аммо то ҳол чашидани шаҳди ин меваи ширин барояшон муяссар нагаштааст.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Ваҳдати миллии мо мушкилӣ ва фоҷеаи зиёди инсониро дар пайи худ дошт, ки қадамҳои нахустини мустақили давлати тозатаъсиси Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекард. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлол соли 1991 ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Аммо бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти сиёсии кишвар ва иродаи мардум 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон замон то имрӯз ваҳдат ҳамчун яке аз арзишҳои муқаддас ва заминаи асосии рушди ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳар як фард бояд маъно ва моҳияти ваҳдатро донад. Ваҳдат дар шароити Тоҷикистон маънои бештар танҳо сулҳро дорад. Ин мафҳум муттаҳидсозандаи миллату қавмиятҳо, мазҳабҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиву сиёсӣ мебошад. Ваҳдат заминаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушду нумӯи иқтисод, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи ватандӯстист.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ваҳдат якчанд принсипҳои асосӣ дорад. Яке аз ин принсипҳо эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Тоҷикистон дорои таърихи куҳан ва фарҳанги бой буда, эҳтиром намудани расму оинҳо, урфу одат ва забони миллии он яке аз омилҳои муҳими муттаҳид сохтани ҷомеа ба шумор меравад. Давлат ва ҷомеа бояд барои ҳифзи арзишҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оваранд, то ки мардум худро дар фазои фарҳанги худ эҳсос намоянд.
Яке аз омилҳои асосии барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистон инчунин истифодаи роҳи гуфтугӯ ва хирад буд. Ҷомеаи мутамаддин бояд аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ибрат бигирад ва ҳамеша хирадро бар эҳсосот боло гузорад. Танҳо бо истифода аз нерӯи хирад ва гузашт метавонем муноқишаҳоро пешгирӣ намоем ва ваҳдатро устувор созем.
Имрӯз равандҳои сиёсӣ бояд бар пояи муколама, эҳтиром, гуногунандешӣ ва ҳамкорӣ қарор гиранд, то ки манфиатҳои умумимиллӣ таъмин шаванд. Барои таъмин намудани ваҳдати воқеӣ баробарии тамоми шаҳрвандон муҳим аст. Баробарҳуқуқии намояндагони ҳамаи миллату мазҳабҳо, инчунин ҷалби фаъолонаи онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ бояд таъмин карда шавад.
Яке аз принсипҳои муҳими таҳкими ваҳдат таълиму тарбияи насли нав дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Мактаб, донишгоҳ, васоити ахбори умум ва муассисаҳои фарҳангӣ бояд барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, инчунин шиносоии онҳо бо таъриху фарҳанги худ саҳми муносиб гузоранд. Ҷавонон бояд ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дарк кунанд, ки ҳифзи ваҳдат масъулияти ҳар яки онҳост. Бояд донист, ки ваҳдат нақшбанди озодӣ, ягонагӣ, оромиш, ҳамсадоиву ҳамнавоӣ, саҳифаи тозатарини тақдири миллати мост.
Ваҳдати миллӣ натанҳо як дастовард, балки зарурате мебошад, ки бе он пешрафти ҷомеа ва давлат ғайриимкон аст. Тоҷикистон имрӯз дар тамоми соҳаҳо пешравиҳоро таҷриба мекунад, ки ҳамаи он дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба даст омадааст. Ҳифзи ин неъмат ба ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста аст. Мо бояд натанҳо аз ваҳдат сухан гӯем, балки дар амал, дар рафтору гуфтор, дар муҳити хонавода ва ҷомеа онро нишон диҳем. Мутмаинем, ки ин ҷашни бузург, ин санаи ҳумоюни миллат оғози дигар пирӯзӣ, бедареғии муҳаббату садоқат ба Ватан, инчунин устувории сулҳи тоҷикони дунё мебошад.
Имрӯз бо ифтихор қайд карданием, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷаҳон омӯхта истодаанд. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе