Холо ки мо дар остонаи чашни мубораки миллиамон – Рузи Вахдати милли карор дорем, хамаи шуморо ба ифтихори ин санаи таърихи самимона табрик мегуям.
Ба шумо хонаи обод, саодати рузгор ва дар рохи тахкими сулху ороми ва вахдату хамдигарфахми, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва пешрафти Ватани махбубамон ба хисоб меравад, барору комёби орзу менамоям.
Вахдати милли хамчун падидаи нодири даврони сохибистиклолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашави карордоштаи точик ва аз вартаи нести рахои бахшидани давлати навини тоҷикон накши басо бу- зургеро ичро кард.
Музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон то ба имруз бо номи Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Рахмон алоқамандии ногусастани дорад.
Бо тадбир ва талошхои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати точик аз вартаи нобуди наҷот ёфт.
Ҷахду талошхои Эмомали Рахмон, хамчун Рохбари давлат, боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон хамчун кишвари ягонаи мустақил хифз карда шавад.
Вобаста ба ин падидаи муҳими таърихи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Рахмон чунин таъкид кардаанд: “Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати милли самараи талошхои ватандустонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халки Тоҷикистон мебошад ва махз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавхараки чашм азизу гироми дорем ва хифзу нигахдори намоем”.
Бояд махсус қайд намоям, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонаги мо тавонистем дар баробари эхёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иктисодиву ичтимои ва фархангӣ, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилали ба сатхи баланд бардорем.
Вахдати милли ба василаи талошхои пайвастаи Ҳукумати мамлакатамон барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хоричи, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа низ таҳкурсии мустаҳкам ба вучуд овард.
Гузашти солхо собит намуд, ки музокироти сулҳ роҳи асоситарини рафъи ихтилофоти дохилӣ ва асоси пешрафту ободии кишвар мебошад.
Беҳуда нест, ки ҳоло тачрибаи сулҳу оштии миллии мо мавриди омузишу истифодаи созмонҳои бонуфузи байналмилали ва ҷомеаи башари қарор дорад.
Мо холо амиқ дарк кардем, ки Ваҳдати милли омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иктисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардуми точик ба хисоб меравад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҷавонон хифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатхои инсонии худ мешуморем.
Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму поктинату миллатдӯст будан.
Вахдат-беҳтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон , нумуи даврон хастии инсон дар хар замину замон аст.
Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатхои ҳамзамони берунмарзи мавқеу мақоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор менамояд.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст.
Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар.
Танхо бо рохи вахдат,якдигарфахмии истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбуди меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯ меорад.
Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад.
Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад.
Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он даарахте , ки Президенти кишвар ба сулҳу вахдат ташбех додаанд, имрӯзхо мевахои ширину бисёре ба самар оарда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем.
Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хоричӣ кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт.
Роҳи оҳани Кургонтеппа – Кулоб сохтмони шохрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯи укёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид.
Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист , ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор менамоем.
Абдушаҳидов Ҳумоюн
Сардори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Хадамоти муҳоҷират