Дар таърихи халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон ҷанги шаҳрвандӣ бузургтарин фоҷиа ва шикасти миллӣ арзёбӣ мегардад. Он миёни шаҳрвандон ва аҳолии як мамлакат бо як ваҳшонияти ғайриинсонию гӯшношунид ба вуқуъ пайваста, мақсади он на ҳифзи марзу буми давлат аз таҷовузи бегонагон, таъмини амнияти давлату миллат, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ободу зебо гардонидани давлат, балки тавассути популизми сиёсии пуч ва рехтани ҳазорон хуни ноҳақ кӯшиши ба сари қудрат ва ҳокимият омадани шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида мебошад. Яъне ба даст овардани ҳокимият.
Чунин ҷанг бо харобкории худ амалиётест аз доираи ҳуқуқи байналмиллалӣ, қонуни асосии давлат ва муносибати инсонӣ дур. Натиҷа ва оқибати он пеш аз ҳама ҳалокати садҳо ҳазор шаҳрвандон, бехонаву манзил, овораву гуреза ва беватан гаштани миллионҳо шахсони бегуноҳ мебошад. Вайрону валангор гаштани шаҳру деҳаҳо, корхона, заводу фабрика ва даҳҳо дигар инфрасохторҳои ҳаётан муҳимми давлатӣ, ҳатто аз байн рафтани давлатҳои алоҳида ин ҷанг мебошад.
Бадбахтии чунин ҷангҳо дар он аст, ки ин гуна ҷангҳо дар солҳои охир хусусияти “интернатсионалӣ” касб карда, ба он силоҳбадастон аз даҳҳо кишварҳои хориҷ ҷалб мегарданд. Бозингарони геополитикӣ онҳоро зери таъсири худ дароварда, тавассути онҳо манфиатҳои геополитикӣ, минтақавӣ ва ҳатто динии худро амалӣ менамоянд.
Ҳудуди давлатҳо ба пойгоҳи ҳарбӣ ва санҷиши яроқҳои нави давлатҳои дар он иштироккунанда гардида, ҳокимияти конститутсонии ин давлатро касе ба инобат намегирад. Ҳукуқи байналмилалии муосир ин ҷо амал надорад…
Мавриди зикр аст, ки дар ҷангҳои шаҳрвандӣ аслан ғолибу мағлуб нест. Музаффар ақли солим, такя бар таъриху фарҳанги воло ва хиради азалии ин ё он халқу миллат ва фарзандони барӯманди он аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос то чӣ андоза ин қувваи ҷозибанокро ба манфиати миллат ва давлат сафарбар карда метавонанд.
Ҳодисаҳои номатлуби замони муосир нишон дода истодаанд, ки заминаи воқеии аз байн бурдани суботи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву ҳуқуқӣ, дахолат ба низоми сиёсиву давлатдорӣ ва ба гирдоби фалокатҳои фоҷиабори миллӣ кашидани давлат ва миллатҳои алоҳида, ин пеш аз ҳама ҷудоӣ андохтан дар миёни шаҳрвандон ва вайрон намудани ваҳдату ягонагии халқҳо ба ҳисоб меравад.
Мутаассифона на ҳама ҷангҳои шаҳрвандӣ чун Тоҷикистон дар сари мизи гуфтушунид ва бо сулҳу салоҳ, бахшиши гуноҳи тарафҳои даргир, оштии миллӣ, таъмини ҳузури мухолифин дар идоракунии давлат, ба ватан баргардонидани миллионҳо гурезагон ва дар натиҷа суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ба вуҷуд овардани шароит барои фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом мерасанд.
На ҳама сарварони давлатҳо ва тарафҳои даргир чун сарвари муаззами миллати мо Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба сари қудрат омадан кори худро аз сулҳ оғоз намуда, мақсади ниҳоии худро дар навбати аввал хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоянд.
Аммо Сарвари давлати мо таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандиро, ки мақсади он аз даст додан ва порча-порча кардани давлат ва бо ҳамин ба гирдоби фалокат дучор кардани халқи тоҷик буд, ба хубӣ мефаҳмид. Ӯ аз душворӣ наҳаросид, ҷиҳати рафъи он ба мардум такя кард. Бо як сарсупурдагӣ ва далерию матонат душвориҳоро қадам ба қадам паси сар карда, халқи худро ба ваҳдат наздик мекард, ба зербинои сулҳу ваҳдат заминаи воқеиро мегузошт.
Роҳи ҳалли ҳарбӣ надоштани муноқишаи дохилидавлатиро барномаи фаъолияти худ эълон дошта, ҳалли мухолифатро бо роҳи истифодаи қувва ва ҷанг то ғалабаи қатъӣ, ки баъзе аз ҳаммаслакон ва тарафи мухолифин та¬лаб мекарданд, хато шуморида, қатъиян онро рад мекард. Батадриҷ тарафҳоро барои созиш ва оштии миллӣ ҳидоят мекард.
Муваффақият ва музаффарияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ӯ ба рисолати сулҳпарварии миллат ва фарзандони барӯманди он боварии комил дошт. Сулҳу ваҳдати миллии мо буд, ки обрӯ ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз боло меравад.
Моро зарур аст, ки моҳият ва ҷавҳари аслии ваҳдати миллиро ҳамчун ғоя ва арзиши миллӣ дуруст дарк намоем ва онро сармашқи кор ва фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Аз ҳодисаҳои пуртазод ва бе ниҳоят даҳшатовари замони муосир, оқибатҳои хатарноки ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало гаштани халқу миллатҳо хулосаи зарурии худро бароварда тавонем.
Истифода аз фурсати муносиб кулли мардуми тоҷикро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, сулҳи абадӣ ва осмони софро дар кишвари азизамон орзумандам.
Фируза Маҳмадуллозода, Сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумии Хадамоти муҳоҷират