• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ваҳдату якдилӣ моро шиори зиндагист!

Migration Service by Migration Service
24.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ваҳдату якдилӣ моро шиори зиндагист!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

24 июни соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 28 – умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гашт.

Чорабинии идонаро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, иброз дошт, ки Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки: “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст”.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ як рӯзи бузург буда, он на танҳо барои ба хотир овардани воқеаҳои муҳими таърихии кишварамон, балки таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони кишварамонро ба аҳамияти ваҳдату иттиҳод равона менамояд. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.

Бо шарофати Пешвои миллат ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, аз рӯи бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон рӯз то рӯз устувор ва рақобатпазир шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.

“Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Имрӯз дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст”, – баён дошт Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо.

Ин дастоварди нодири миллат, ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.

Бо шарофати дастовардҳои кишварамон, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ, ки бе восита заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имрӯзҳо озмунҳои илмӣ ташкил карда шуда, тамоми хурду бузурги мардуми Тоҷикистон метавонанд дар он иштирок намоянд. Мақсади озмунҳои зикршуда, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, дарки арзишҳои миллӣ, эҳтиром ва посдоштани ҷашнҳои миллӣ аз қабили ваҳдати миллӣ мебошад.

Сипас, дар назди ҳозирин, чанде аз кормандони Хадамоти муҳоҷират, роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон суханронӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Хониши идоравӣ барои кормандони Хадамоти муҳоҷират аз ҷониби  Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ

Next Post

Вохӯриҳои саривақтӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе”

Next Post
Вохӯриҳои саривақтӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе”

Вохӯриҳои саривақтӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.