Ватан танҳо як порча хок нест. Ватан модарест, ки моро бо меҳр парвариш медиҳад, забону фарҳангамонро ҳифз мекунад, ормонҳоямонро ба воқеият табдил медиҳад. Барои ҳар шахси бонангу номус, Ватан муқаддастарин ганҷина аст, ки онро бояд бо ҷони худ ҳифз кунад. Аммо дар миёни мардум ҳамеша хоиноне пайдо мешаванд, ки ин муқаддасотро ба ивази манфиати шахсӣ, пул ё ваъдаҳои бегонагон мефурӯшанд.
Ҳар миллат хоинони худро мешиносад ва номи онҳоро дар саҳифаҳои таърих бо сиёҳӣ сабт мекунад. Агар ба таърих назар андозем, хоҳем дид, ки хиёнат ба Ватан ҳамеша боиси сарнагунӣ ва шикасти давлатҳо шудааст. Аз асрҳои гузашта то имрӯз, хоинон мисли доғи сиёҳ дар миллатҳо боқӣ мондаанд.
Оё хиёнаткорон боқӣ мемонанд? Не! Онҳо дер ё зуд дар ботлоқи хиёнати худ ғарқ мешаванд. Таърих исбот кардааст, ки ҳар касе ба Ватан хиёнат кунад, дар ниҳоят худ беобрӯ мегардад, ҳатто фарзандонаш аз номи ӯ шарм мекунанд.
Халқи бо нангу номуси тоҷик ҳеҷ гоҳ хоинонро набахшидааст. Ҳар як шахсе, ки бо душманон ҳамдастӣ мекунад, муқаддасоти моро поймол месозад, амнияти давлатро халалдор мекунад, бояд бидонад, ки миллат ӯро ҳеҷ гоҳ намебахшад.
Вақт ҳама чизро исбот мекунад. Ҳар хиёнаткоре, ки имрӯз худро бо пулу мансаб фиреб додааст, фардо бо сарнавишти талх рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Миллат ӯро ҳамчун доғи сиёҳ дар саҳифаҳои таърих мемонад ва номашро барои абад ба фаромӯшӣ месупорад.
Мо, тоҷикон, ки таърихи ҳазорсола дорем, бояд ҳамеша ҳушёр бошем, хиёнаткоронро бишносем ва нагузорем, ки онҳо ба ояндаи давлат ва миллат зарар расонанд. Танҳо бо ваҳдат, дӯстӣ ва садоқат ба Ватан метавонем сарбаландона пеш равем.
Ҳар касе, ки мехоҳад ба Ватан хиёнат кунад, бояд бидонад: номаш абадан нобуд хоҳад шуд. Ватанам – Тоҷикистон! Ман ҳамчун як фарди ҷомеа ӯро дӯст медорам ва бо он ифтихор мекунам, ки як Президенти сиёсатмадор, оқилу доно ва дурбин дорам, ки бо талошҳои пайвастааш барои рушди кишвар, таҳкими сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шабу рӯз заҳмат мекашад.
Зери роҳбарии ин абармарди миллат, Тоҷикистони азиз рӯз то рӯз ободтар гардида, иқтисодиёт рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар ва миллат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузошта истодааст.
Мо, фарзандони ин сарзамини муқаддас, бояд ҳамеша барои ҳифзи якпорчагии Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа талош варзем.
Алии Эмомалӣ,
Муовини сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират