Вилояти Хатлон: баррасии масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ

Сафари гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Раҷабов Бадриддин бо мақсади баррасии вазъи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, инчунин рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 2 то 5 ноябри соли равон идома мекунад, сафар намуданд.

Ҳангоми сафари хизматӣ бо раиси ноҳияи Хуросон масъалаи кучонидани муҳоҷирони экологиро мавриди баррасӣ қарор дода, тибқи маълумоти мақомоти болозикр рафти иҷрои ҚҲҶТ аз 28 ноябри и соли 2020 №468 зери назорат қарор дошта, барои ҷудо намудани фонди манзил баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳо пешниҳод кард.

Инчунин гурӯҳи корӣ бо масъулин вохӯрда, масъалаи ҳарчӣ зудтар иҷро намудани нақшаро баррасӣ намуданд.
Дар идома гурӯҳи корӣ аз мавзеъҳои зисти муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ ва рафти корҳои сохтмони манзили истиқоматии онҳо дидан намуд. Огоҳ намуданд, ки татбиқи самтҳои МДЭ-ро, ки бо қарори ҳукумат тасдиқ ва пешниҳод шудааст, нақшаи кории солонаро дар муддати муайян анҷом диҳанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо