• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯриҳои судманд дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Варзоб

admin by admin
21.07.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
312
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тибқи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаи маориф ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» 19-уми июли соли равон дар деҳоти дурдасти ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб вохӯрии судманд бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.

Зимни мулоқот баромадкунандагон муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона, мудири шуъбаи маориф Ғоибзода Саодат, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Шарифзода Илҳомҷон, сардори бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон дар мавзуъҳои муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022, дар бораи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муқовимат бо коррупсия, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки «Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сивупанҷсолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем».

Масъулин иброз доштанд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози Ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.

Баъдан таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Мусаллам аст, ки сокинони аксари кишварҳои Сайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пеш аз ҳама ба кишвари макони зисти доимӣ ва ҳам ба аҳли оилаи худ манфиат меоранд.

Як нуқтаи дигарро қайд намуданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳои (диаспораҳои) бурунмарзии кишвар ҳамкории судмандро ба роҳ монда, аз кору фаъолият ва шароити зиндагии ҳамватанони бурунмарзӣ пуштибонӣ менамояд.

Дар баробари ин, ибрози андеша намуданд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.

Бояд қайд намуд, ки оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, аз ҷониби масъулини соҳа мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ба ҳозирин маълумотҳои лозима расонида шуд.

Дар ин раванд, аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоати мазкур ёддоштҳо дар мавзуъҳои гуногун ба миқдори 340 нусха дастрас гардонида шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда саволу ҷавоб доир гардид.

Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти Зидеҳ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҷамоати болозикр бинои замонавии то мактабӣ бунёд намуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Орифҷон ОЛИМЗОДА,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии экстремизм ва терроризм

Next Post

Ҷавононро аз фирефташавӣ эмин дорем

Next Post

Ҷавононро аз фирефташавӣ эмин дорем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.