• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаҳои С. Вализода ва Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
08.02.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаҳои С. Вализода ва Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб
311
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб якҷоя бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаи С. Вализода, аз ҷумла муҳоҷирони ба Ватанбаргашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуданд.

Дар мулоқот бо сокинон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сабабҳо ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери террористию-экстремистӣ дошта, фурӯши одамон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва риояи ҷашну маросимҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ироа карда шуд.

Зимни баромад қайд гардид, ки дар шароити кунунӣ раванди муҳоҷират қариб дар тамоми мамлакатҳо мушоҳида мешавад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам тарафҳои манфӣ ва ҳам тарафҳои мусбӣ дорад. Тарафи мусбӣ ин мебошад, ки шахси дар муҳоҷират буда, ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад, касбҳои навро аз худ карда, муносибати хубро бо меҳнати худ дида, фарҳангу забони дигар миллатҳоро аз худ мекунад ва вазъи молявию иқтисодиашро беҳтар менамояд.

Тарафи манфии он бад шудани саломатӣ, бегонапарастӣ, дури аз хонавода ва дигар ҳодисаҳои нохуш мебошад.

Барои бехатар будани муҳоҷиратӣ меҳнатӣ пеш аз сафар ҳар як шаҳрванд бояд вуруди худро ба давлате, ки муҳоҷир мешавад муайян намуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи хориҷӣ ва гувоҳномаҳои тиббиро оид ба надоштани бемориҳои сироятӣ бо худ гирад.

Ҳангоми вуруд ба давлати хориҷа бояд шартномаи кориро бо кордиҳанда ё субъектҳои хоҷагидор баста дар мӯҳлати муайянгардида яъне 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии ариза, бояд иҷозатномаи кориро ба даст оред.

Касбу ҳунари муайян доштан барои ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ зарур буда, барои дар муддати кутоҳ соҳибкасб шудан муҳоҷирон метавонанд аз курсҳои кӯтоҳмуддати Марказҳои таълими калонсолон дар кишварамон гузашта соҳиби шаҳодатномаи касбии тахассуси шаванд.

Инчунин зимни баромад, қайд гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муносиби корӣ ва музди маоши арзанда дар иншоотҳои бузурги сохтмонӣ ва саноатӣ, аз ҷумла НБО Роғун, сохтмону барқароркунии роҳҳо ва дигар корхонаҳои бузурги саноатӣ муҳайё мебошад, ки ба қувваи корӣ эҳтиёҷ доранд ва ҳар як нафари хоҳишманд метавонад дар ин иншоотҳо бемамоният кору фаъолият кунад.

Дар вохурӣ мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Салимов Саймуҳаммад ба ҷамъомадагон вобаста ба масъалаҳои риояи танзими ҷашну маросимҳо, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, аз шомилшавӣ бо гурӯҳҳои террористию – экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои характери ифротгароӣ дошта, маълумоти муафассал дода, қайд кард, ки терроризму – экстремизм зуҳуроти номатлуб ба шумор рафта, барои ҷомеа оқибатҳои нохуб дорад, аз ин хотир ҳар як падару модар, ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза чӣ дар оилаи худ ва чӣ дар байни ҷомеа ҷиҳати пешгирии ин амалҳои нангин бояд корҳои иттилоотӣ-маърифатиро хуб ба роҳ монда, дар пойдории ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Баъдан намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Вализода Султон вобаста ба масъалаҳои донишомӯзӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон, забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, истифодаи мақсадноки телефонҳои мобилӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва хизмати ҷавонон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ баҳри амну осоиштагии ватан ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.

Чунин вохӯрии судманд бо сокинону фаъолони маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб низ баргузор гардид.

Шуъбаи Хадамоти муҳогҷират дар шаҳри Кӯлоб

Previous Post

Бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлатва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар ноҳияи Варзоб

Next Post

Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ бо дарсомӯзони забони кореягӣ

Next Post
Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ бо дарсомӯзони забони кореягӣ

Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ бо дарсомӯзони забони кореягӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.