• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Migration Service by Migration Service
23.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ пойтахт, ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия равонаанд, вохӯрии судманд баргузор намуданд.

Дар доираи мулоқот корманди масъули Раёсат Шерализода Носиралӣ ба шаҳрвандон вобаста ба сафари бехатар ба Федератсияи Россия, инчунин, пешгирӣ кардани гароиши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав иброзӣ, назар карда шуд.

Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон гуфта шуд, ки бештари шаҳрвандони мо дидаву дониста ба қонунвайрокунии кишвари қабулкунанда даст мезананд. Дар натиҷа, воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ мегардад. Инчунин, муайян карда шуд, ки яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия, ин надонситани забони давлати қабулкунанда, тарзи либоспӯшӣ, инчунин, мондани риши дароз, ки дар ин кишвар қобили қабул нест мебошад.

Зимни мулоқот бо шаҳрвандон оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия сухан гуфта, қайд намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани Патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъкид карда шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ҳатман забони давлатии ин кишварро дар доираи муошират донанд, тарзи либоспӯшӣ, доштани касби муносиб ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ зарур аст, чунки дар кишвари қабулкунанда ба муҳоҷири ихтисосдор талабгор зиёд аст.

Ҳамзамон намояндагони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Шерова Робия ба ҳозирин оид бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар дохилӣ кишвар, аз ҷумла дар ширкатҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои саноатии дохили шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ огоҳ карда шуд, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро талош менамоянд, ба хусус бо фиристодани паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ – интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вайбер ва дигар роҳу усулҳо).

Аз ин хотир ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надода ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред ва дар чунин ҳолатҳо кушиш накунед, ки мушкилоти худро ба танҳои ҳал намоед, балки ба воситаи Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Дар фарҷом ба шаҳрвандон буклетҳои Хадамоти муҳоҷират: “Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?” тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Дар Кушониён доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд

Next Post
Дар Кушониён доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд

Дар Кушониён доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.