• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд дар ноҳияи Кушониён

Migration Service by Migration Service
03.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд дар ноҳияи Кушониён
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бо иштироки намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён вохӯрии судманд бо фаъолон, сокинон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта доир гардид.

Баромадкунандагон зарурати қабули қонунҳои мазкурро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуданд, ки мо бояд ҷашну маросимҳоро дар доираи талаботи қонунгузорӣ баргузор намоем. Инчунин, ёдрас карда шуд, ки тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона, надонистани таъриху фарҳанги миллат, сабақ нагирифтан аз гузаштаи таърих, аз мутолиа ва китобхонӣ дур мондани насли наврас ва бовар кардан ба таассубу хурофот метавонад ҷомеаи мутамаддини моро ба нобудӣ барад ва теша дар решаи ҳастии миллат занад.

Гуфта шуд, ки маҳз бо ҷаҳду талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи начандон зиёд Тоҷикистони азизи мо аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун омад, мардум сарҷамъ гардид, сулҳу суботи сартосарӣ пойдор шуд ва садҳо корхонаҳои нав бунёд гардида, иншооти гуногуни соҳаи маорифу тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва Ватани маҳбуби мо ба ин васила ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз дар натиҷаи қабули саривақтии қонунҳо ва риояи талаботи онҳо аз ҷониби мардум ба даст омаданд. Инчунин, ба ҳозирин тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират муфассал ироа гардид.  

Ҳамзамон, аз кулли иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонони ноҳия бояд донишҳои худро такмил диҳанд, нозукиҳои техника ва технологияи ҳозиразамонро омӯзанд, ба қадри дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ расида, тинҷию оромӣ ва ваҳдату ягонагиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд, муттаҳид гардида, бар зидди тамоми зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд ва бо амалигардонии панду андарзҳои бузургон парчамбардори Ватан шаванд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни баромадкунандагон ва иштирокчиён мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҳамарӯза идома дорад

Next Post

Ба саволҳои шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” посух дода шуд

Next Post
Ба саволҳои шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” посух дода шуд

Ба саволҳои шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” посух дода шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.