• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Uncategorized

Вохўриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
11.09.2024
in Uncategorized
0
Вохўриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии мувақатӣ дар Федератсияи Россия, омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, аз байн бурдани муҳорирати ғайриқонунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ин буд он саволҳое, ки кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд вохӯриву суҳбатҳо доир намуданд.

Дар рафти вохӯриҳо бо шаҳрвандон оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот доданд.

Ба саҳми муҳоҷирон расонида шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия, дар маҳзани манъшудагон шиносномаи худро санҷида баъдан азми сафар намоянд, ҳангоми сафар пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақсаднок амалӣ намуда, барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия бояд касби муайяне дошта бошад, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад ва аз таъриху тамаддун ва қонунҳои амалкунандаи он бохабар бошад, ки ҳангоми будубош ба мушкилотҳо дучор нагардад.

Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эктремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии  динӣ ва дигар масоили мубрами рӯз фикру андешаҳои худро ба ҳозирин иброз намуда қайд карданд, ки экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин мегардад.

Ҳар нафари берун аз кишвар бояд худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирад, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоию интернетии шабакаҳои одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.

Бо назардошти гуфтаҳо таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш кунед, ки мушкилоти худро на ба танҳоӣ, балки бо Сафорат, Консулгариҳо ва Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, диаспораҳо ва ё мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия муроҷиат намуда ҳал намоед. Суроғаи намояндагии Вазорат дар ФР:  ш.

 Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

Дар рафти суҳбат ба нафароне, ки бе сабаб ё бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия ихроҷ гардидаанд тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда барои дарёфти кор ба сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.

Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати баланд бо шароитҳои хуб имконияти фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ, корхонаҳои бузурги ватанӣ аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва дигар сохтмонҳои биносозӣ ба коргар ва мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.

Дар фарҷоми вохўрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалақои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда буклетҳои роҳнамоӣ ҳангоми сафар тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Сулҳу субот – олитарин арзиш дар ҷаҳони муосир

Next Post

Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб

Next Post
Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб

Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.