Бо ташаббуси гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон вохӯрии судманд бо раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, мудирони бахшҳои танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, эмомхатибон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсат, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, дар раванди вохӯрӣ масъалаҳои шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, таҳсилоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, мустаҳкам намудани ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон андешаронӣ карданд.
Бояд тазаккур дод, ки вохӯрӣ дар фазои озод сурат гирифта аз тарафи ҳозирин бо кафкубӣ мавриди ҷонибдори аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон