Аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии муовини сардори Хадамоти муҳоҷират, ҳамчунин бо иштироки сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар деҳаи Пакаллаи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони деҳа баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ номбурдагон, доир ба танзими дурусти раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаи 90/365 барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия, масъалаи зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, огоҳонидани мардум, алалхусус ҷавонон аз макру найранг ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар рафти вохӯрӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Хайриддинзода Исфандиёр ба самъи сокинони ноҳия расонид, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд.
Дар айни ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда татбиқ мегарданд.
Хотиррасон карда шуд, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони №1126, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад.
Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба:
1. Ҳар як филиали ФГУП “ПВС” ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ);
2. МБМ “Сахарово”-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд);
3. Наздиктарин шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис).
Ба маълумоти сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас аз ҷониби масъулин дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон