Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик вохӯрии судманд бо сокинону фаъолон дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии таассубу хурофот ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ” баргузор шуд.
Дар вохӯрии мазкур, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо, ходимони дин ва занону ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон роҳҳои пешгирии таассубу хурофот, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, оқибатҳои нохуши шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар мавзуъҳои марбутро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин, дар ҷараёни суханрониҳо ба масъалаҳои ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва субботу оромӣ, ҳамзамон, масъалаҳои рӯ овардан ба илму дониш, огоҳии сиёсӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, анъана, суннат ва арзишҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар идома, иштирокчиёни вохӯрӣ ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар мубориза бар зидди хурофоту таассуб ва терроризму экстремизм тамоми чораҳоро меандешанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон