• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб”

Migration Service by Migration Service
23.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб”
308
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кулоб оиди тақвият додани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, савдои одамон ва қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, ҷоннок намуда истодаанд.

Дар рафти вохӯриву мулоқотҳо бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, масъалаи хело муҳим будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия 90 ба 180 рӯз мебошад.                    

Ба маълумоти сокинони ҷумҳурӣ расонида мешавад, ки будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Федератсияи Россия тибқи қонуни Федералӣ “Дар бораи будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” аз 25 июли соли 2002, №115 – ФЗ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Федералӣ аз 15 августи соли 1996 “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, ки 24 – ноябри соли 2014 таҳти № 357 ФЗ таҳия гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Қонуни мазкур шаҳрванди хориҷиро муваззаф мегардонад, ки дар баробари гирифтани Патент, қайди ҷойи истиқомат, донистани забон, расму оин, таърих ва фарҳанги кишвари иқомат, минбаъд бояд талаботҳои қонуни мазкурро, ки дар он масъалаи будубоши шаҳрвандро 90 ба 180 рӯз нишон додааст, бечунучаро риоя намоянд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони мехнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид гардидан ба Федератсияи Россия метавонанд, ки 90 рӯз фаъолияти меҳнатӣ намуда, баъди он бояд кишвари иқоматро тарк намуда, 90 рӯзи боқимондаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (ё кишвари дигар) паси сар намоянд.

Баъди гузаштани муҳлати муқарраргардида шаҳрванд метавонад дигарбора вуруди қаламрави Федератсияи Россия гардида, фаъолияташро идома диҳад.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки имрўзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ буда, барои шомил кардан онҳоро ба сафи худ кӯшиш менамоянд, ба табақаи  муайяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекори ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, дорои саҳияи пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.

Инчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки дар давлати бегона эҳтиёткориро аз даст надода, фарҳангу тамаддуни миллати хешро ҳифз намуда, қонунҳои буду боши муҳоҷирати меҳнатиро риоя намоянд.      

Дигар масъалае, ки ба саҳми шаҳрвандон расонида шуд, ин ҳодисаҳои рух додани савдои одамон ва одамрабоӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки дар хориҷи кишвар ба чунин ҳолатҳо низ дучор шудан аз эҳтимол дур нест. Барои пулу маблағ ва  истифода бурдани қувваи кории арзон шуда, гурӯҳҳои одамрабо шахсро ба ғуломӣ мефурушанд.

Бинобар ин, бо шахсони ношинос ва шубҳанок, ки шуморо ҷойи кори хубу маблағи калон ваъда мекунанд ҳаргиз бовар накарда тибқи шартнома бо корфармоёни аслӣ кору фаъолият кардан лозим аст.

Дигар мавзуе, ки шаҳрвандони мамлакат бояд донанду эҳтиёткор бошанд, ин бемории сироятӣ мебошад. Омили асосии он бе эҳтиётӣ ва надонистани чораҳои пешгирӣ аз сироятёбии он буда, тибқи хулосаи мутахассисон, хатари сироятёбӣ аз ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва аз ин шири модари сироятёфта ба кудак мегузарад.

Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ барномаҳои мушаххасро татбиқ намуда истодааст. Ташхису табобат аз ин беморӣ дар қаламрави тамоми ҷумҳурӣ имкон дошта, он ройгон мебошад.

Бинобар ин аз тамоми шањрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар бозгашт, ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба суолњои сершумори шаҳрвандон ҷавобҳои қонатбахш дода шуд, ба онҳо буклетҳо тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Хуҷанд

Next Post

Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони ба ватан баргашта  дар ноҳияи Файзобод

Next Post
Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони ба ватан баргашта  дар ноҳияи Файзобод

Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони ба ватан баргашта  дар ноҳияи Файзобод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.