Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик дар ҷамоати шаҳраки Баҳманруд вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии таассубу хурофот ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ” ва муҳоҷирати бехатар, баргузор шуд.
Дар ҷамъомади мазкур баромадкунандагон иброз намуданд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт зебову шукуфон гашта ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд. Зикр шуд, ки аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ватану сарзаминамон хизмат намоянд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон роҳҳои пешгирии таассубу хурофот, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, оқибатҳои нохуши шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар мавзуъҳои марбутро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин, дар ҷараёни суханрониҳо ба масъалаҳои ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва субботу оромӣ, ҳамзамон, масъалаҳои рӯ овардан ба илму дониш, огоҳии сиёсӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, анъана, суннат ва арзишҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Инчунин, дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон