Вохӯрӣ бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ

10 сентябри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои таркибии вазорат ширкатҳои интиқолдиҳандаи қувваи корӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар, намояндагони диаспораҳо, ҳамватанони бурунмарзӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва кормандони вазорат иштирок доштанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ дар ин нишаст ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд.

Қайд бояд кард, ки ҳамасола дар солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки дар кишвар баргузор мегардад намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз хориҷи кишвар даъват карда мешаванд, ки ин иқдом барои шиносоии ҳарчи бештари ҳамватанони бурунмарзӣ бо зебогиҳои кишварамон мусоидат менамояд.

Зимни баргузории ҳамоиш қайд гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ монда, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф намудааст.

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ бо сохторҳои вазорат, ҳамкорӣ барои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо таклифу пешниҳодҳо манзур шуданд.

Дар фарҷоми нишаст ба намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо