Тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик якҷоя бо сотхорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масҷиди ҷомеи деҳаи Саидмуминободи ҷамоати деҳоти Гурдоварон бо намозгузорон вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия Аслиддин Айниддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Раҷабзода Маҳмасаид, муовини комисарияти ҳарбӣ Миралиев Дилшод, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Сафарзода Баҳодур ва раиси ҷамоати деҳоти Гурдоварон Хайрулозода Шерафган иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид зимни суханронии худ доир ба 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳое, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии кишвар фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст маълумот дод.
Таъкид гардид, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода намешавад.
Мутаассифона, дар ҷомеа гурӯҳҳо ва созмонҳое пайдо мешаванд, ки даст ба қонуншиканиҳо зада, теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоватро барангехта, бо ин амалҳои худ ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятиро халалдор менамоянд.
Таъсиси ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хилофи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда буда, мақсади онҳо ба поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, бо истифода аз дини мубини ислом, матбуоти даврӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, даъват намудан барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдорсозии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ мебошад.
Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд.
Шаҳрвандони кишвар бояд доданд, ки ҳар шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз вазифаҳои шахс ҷудо нестанд. Ҳар шахс дар рафти амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳояш бояд вазифаҳои муайяни ба зиммааш гузошташударо низ иҷро намояд.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба сокинони ноҳия, аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Сафарзода Баҳодур, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд кард, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират такқсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон