Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо намояндаи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия дар деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан аз рафти сохтмони хонаҳои истиқоматии муҳоҷирони дохилӣ ва экологии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуданд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2024, таҳти №69 ва Қарори ҳаммаънои Раиси вилояти Суғд таҳти №50 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2024-2026» 90 оилаи муҳоҷирони экологии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод ба нақша гирифта шудааст.
Давоми соли 2024, 30 оилаи муҳоҷирони экологӣ аз Ҷамоати деҳоти Равшан, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ҳар яке ба масоҳати 0,06 га ҷудо карда шуда ҷиҳати ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳои сохтмони аз ҷониби масъулин ба оилаҳои муҳоҷирон дастур дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд