Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлисгоҳи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд бо раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯри қайд карда шуд, ки шурӯъ аз 1 январи 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст дар асоси ин Қарори 90/180 амал карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шудааст.
Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муввақатӣ (РВП) ё иҷозати доимӣ (ВНҶ )ба даст намеорад, метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Федератсияи Россия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад.
Дар суҳбат сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, инчунин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд