Дар нимаи дуюми 19 феврали соли равон Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок, инчунин Консули навтаъини Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Ҷисонг Ли (Jisong Lee) ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни мулоқот бо Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, тарафҳо оиди рафти омӯзиши забони кореягӣ барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ шаҳрвандони мамлакат ба Ҷумҳурии Корея ҳамсуҳбат шуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират ба Сафири Ҷумҳурии Корея Квон Донгсок муфассал дар бораи фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ маълумоти мухтассар дод.
Аз ҷумла, қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар ба тадриҷ рушд намуда, дар ин замина корҳои зиёде дар самти омӯзиш ва омодасозии кадрҳои коргарӣ ва таъмини ниёзи бозори меҳнати Корея бо қувваи корӣ роҳандозӣ гардиданд.
Ба Сафири Ҷумҳурии Корея ҷаноби Квон Донгсок иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар омӯзиши забони кореягӣ ройгон ба роҳ монда шуда, ба хатмкардагон шаҳодатнома дода мешавад.
Зикр гардид, ки омӯзиши забони кореягӣ мавриди талаботи кордиҳандаи Ҷумҳурии Корея мебошад.
Ҷонибҳо оид ба масъалаи мазкур мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, имзои лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва механизми татбиқи созишномаҳои байни сохторҳои вазорат ва музофоти Ҷумҳурии Корея ба имзо расидаро ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар Корея баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, оид ба воридшавӣ ба низоми EPS ва ҷудо намудани квотаҳои солона ба муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ карда, иброз доштанд, ки ин имконият медиҳад ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар рафти корашон ҳифз карда шаванд.
Ҳамзамон ҷаноби Сафир тавсия доданд, ки ҳамкориро бо Ассотсиатсияи омӯзиши забони кореягӣ, ки соли гузашта дар Душанбе кушода шуд, мустаҳкам намоянд.
Инчунин, ба омӯзиши забони кореягӣ омӯзгорони пуртаҷриба даъват карда шавад.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират