Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғл ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова вохӯрӣ бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва аҳолӣ, баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизам ва терроризм”, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, барои ҳар як миллат Истиқлоли давлатӣ неъмати аз ҳама пурарзиш ҳисоб меёбад.
Истиқлолият аст, ки мо озодона кору зиндагӣ мекунем, мехонем, фарзандонамонро дар шароити орому осуда ба воя мерасонем ва ҳуқуқҳои худамонро истифода мебарем.
Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни занон, ҷавонону наврасон алоқаи роҳбарои муассисаҳои таълимӣ бо кумитаи падару модарон, робитаи имомони масҷидҳо бо падару модарон боз ҳам қавитар гардад.
Ватани худро дӯст дорем. дар ободию гул-гулшукуфоии он сайъ намоем.
Баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи мо пайгирона пеш меравад.
Вале ҳаёт ҳамаруза собит месозад, ки бе ширкати пурсамару фаъолонаи занон ва ҷавонон расидан ба ин ҳадафи бузург ниҳоят мушкил аст.
Бо шарофати Сарвари муаззами миллат ва барқарории сулҳу субот имрӯз зиндагии шоиста насибамон гаштааст.
Баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи мо пайгирона пеш меравад.
Вале ҳаёт ҳамарӯза собит месозад, ки бе ширкати пурсамару фаъолонаи занон ва ҷавонон расидан ба ин хадафи бузург ниҳоят мушкил аст.
Инчунин, баромадкунандагон дар бораи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, дар пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб дар байни занону наврасону ҷавонон, аз қобили ҷинояткорӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, худкушию худсӯзӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон, наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дар бораи “Стратегияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” ва дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ гуфтугӯи ошкоро байни иштирокчиён ва баромадкунандагон шуда гузашт.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ёвон