Дар деҳаи Деҳбаланди ҷамоати деҳоти Н. Хусрави ноҳияи Қубодиён бо иштироки сокинони маҳаллаи мазкур вохӯрии гуруҳи тарғиботӣ бо мақомотҳои дахлдори ноҳия баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъулони тарғиботӣ дар атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пиромуни омилҳои хатарзои ҷаҳони муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати бехатар, таълимоти ғайрирасмии динӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву эктремистӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, диққати аввалиндараҷа додан ба таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми падару модар, саривақт ҳозир шудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як сокинони маҳалларо лозим аст, ки ба таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати аввалиндараҷа равона намоянд, то ки дар оянда насли наврас ҳамчун шахсияҳои худогоҳу хештаншинос ва созандаву ободкор ба воя расида, барои пешрафту ободии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия баромад намуда, оид ба қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират суханронӣ намуда, ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳия расонид, шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия рӯзҳои кам ба шумор мондааст.
Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад.
Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: ҳар як филиали ФГУП “ПВС” ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ), МБМ “Сахарово”-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд), наздиктарин шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия
(дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис).
Ҳамзамон, ба самъи шаҳрвандон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон