• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом

Migration Service by Migration Service
14.05.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом бо гурӯҳи кории иборат аз намояндагони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД, кор бо занон ва оила, маориф ва КАТС вохӯрии судманд дар байни аҳоли бо сокинони Ҷамоати деҳотӣ Пӯлотон, кӯчаҳои Зарбед, Бӯстон, А.Шарипов, Қуруқ ва қисман Айни дар толори муассисаи таълимии №24 баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, Қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, омодагии пеш аз сафар, аз байн бурдани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани таассубу хурофот ва бегонапарастӣ, иҷроиши Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди қарор дода шуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳр Валиева Ш., мулоқотро ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории ин вохӯриро шарҳ дод.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Муҳиддинова М., оид ба масъалаи ҳурофотпарастӣ, оилаву оиладорӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуд.

Сипас, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Толибова Ф., оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, омодагии пеш аз сафар, муҳоҷирати бехатар суханронӣ намуда қайд намуд, ки асоси муҳоҷирони ихроҷ гардида бе қайди истиқомат ва ё бе ҳуҷҷат фаъолият бурдан ё надонистани Қонунигузории ФР мебошад бо таври содда фаҳмонида дод.

Дар идома муовини директори КАТС Абдусатторова М., бобати бемориҳои сирояти ВНМО/БПНМ, сил, оташак, бемории руҳӣ, гепатит ва роҳи пешгирии онҳо суханронӣ намуд.

Баъдан сармутахассиси шуъбаи маориф Олимова М., вобаста ба масъалаҳои болозикр андешаронӣ намуда, сокинонро хушдор сохтанд, ки тарбия аз оила оғоз меёбад. Вазифаи волидайн пеш аз ҳама тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва содиқ ба халқу Ватани хеш мебошад.

Ҳамзамон чунин чорабиниҳои судманд дар ноҳияи Спитамен бо сокинони деҳаи Муряки Ҷамоати деҳоти Куруш баргузор гардид. Инчунин, ҷиҳати пешгирии амалҳои наматлуб дар байни ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ дар қасри Фарҳанги ноҳияи Зафаробод бахши Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо намояндагони “Маркази тарзи ҳаёти солим” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара

Next Post

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

Next Post
Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.