Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ки ба он кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират шомил мебошанд, бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) ва расонидани муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9 марти соли 2024) дар Ҷамоати деҳоти Сешанбе бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини дахлдор вобаста ба мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ-омили таъмин намудани амнияту суббот дар Тоҷикистон, пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, пешгирии терроризму экстремизм дар байни шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа, бо шуғл фаро гирифтани ҷавонони аз 18-сола боло, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоию исрофкорӣ сухан гуфтанд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки “маърифати баланди ҳуқуқӣ – ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад.
Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.
Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ба солгарди ҳуҷҷати тақдирсоз, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дорад, зеро он таъминкунандаи асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мебошад”.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад”.
Дар ин вохӯрӣ вобаста ба суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин андешаҳои сокинон шунида шуд.
Сокинони шаҳри Турсунзода дастуру супоришҳои Сарвари давлатро қабул намуда, барои муҳайё намудани зиндагии шоиста ва дуруст тарбияю соҳибкасб намудани фарзандонашон пайваста кӯшиш менамоянд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода