Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо сокинони деҳаи Рогиф Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик вохӯрии мақсаднок баргузор гардид.
Вохуриро раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик Қозиев А., ҳусни оғоз бахшида иброз намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, раҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои имрӯз ва оянда ба ҳисоб рафта, ҳамчун падидаи муҳиму умдаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдии мамлакат воқеан нуфузу эътибори хосаро касб намудааст. Зеро дар Паём дастуру супоришҳои мушаххасу зарурӣ барои фароҳам овардани шароити зинндагии арзанда ба аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дода мешавад, ки дар натиҷаи амалигардонии онҳо дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқӣ ва тамоми бахшҳои хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллан ҷадид ва назаррас ба амал омада, онҳо дар ҳамбастагӣ боиси афзудан ва боло рафтани шароити иҷтимоию иқтисодии ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ халқи Тоҷикистон мегарданд.
Дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи Тоҷикистони азизамон ҳуҷҷати тақдирсоз маҳсуб меёбад ва ҳамаи мо бояд аз фазои осудаи кишвар, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ шукргузори намуда барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намуда, ҷиҳати амалӣ намуданӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд, саҳмгузор бошем. Шукргузор ба ин неъматҳои бузург чун Истиқлолияту-Ваҳдати миллӣ ва ҳамеша пайравӣ ба сиёсатҳои хирадмандона, дурбинона ва пешгирифтаӣ Пешвои миллат бошем.
Инчунин, мудири бахши дин, танзими анъана ҷашну маросими ноҳия Шомуродзода Ш., иштирокдоронро ба сарфаю сириштакорӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» маслиҳатҳои муҳим ва саривақти дод. Санаи қабул ва бобу моддаҳои қонунҳои мазкурро шарҳу тавзеҳ дод ва аз зарурати қабули қонунҳо гуфт. Ба шарҳи боби се, ҚҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуд, ки боби мазкур Танзими ҷашну маросим ном дошта 7-моддаро дар бар мегирад. Дар ин боб тартиби баргузории ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур, ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, туйи домодию арусӣ, маросими ҳаҷ ва умра, маросими дафну азодорӣ, ҷойи баргузории ҷашну маросим, вақт ва давомнокии ҷашну маросим муайян шудааст. Бо такя аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Қонуни мазкур дар танзими рузгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешвад.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Розиқов М., оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои ифротгаро, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, муборизаи беамон алайҳи коррупсия ва муҳоҷирати бехатар ба Федератсияи Россия суханронӣ намуд.
Номбурда иброз дошт, ки яке аз зуҳуроти номатлубе, ки ба пешравии кишвари мо монеа эҷод мекунад, коррупсия мебошад. Ин зуҳурот ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфта, амнияти кишварҳои ҷаҳон ва минтақаро зери хатар мегузорад. Мубориза ба ин падидаи номатлуб дар тамоми давру замон диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст, чунки он ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо метавонад таъсири фоҷиабори худро расонад. Лозим ба ёдоварист, ки коррупсия дар радифи дигар зуҳуротҳои зиддиҷамъиятӣ, ҳамчун сабаби коҳишёбии реҷаи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, адолат ва боварии мардум ба давлат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамояд, мегардад.
Аз ин рӯ дастаҷамъона мубориза бурдан ба омилҳои коррупсионӣ ва анҷом додани ҳамагуна чораҳои қонунӣ баҳри пешгирии он метавонад ба рушди босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Инчунин таъкид намуд, ки ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии кишвари азизамон таъкидҳои судманд намудаанд. Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Дар охир аз ҳамагон тоқозо намуд, барои ободиву пешрафт ва шукуфоии кишвари азиз ва биҳиштосоямон Тоҷикистон бетараф набошанд, саҳмгузор барои ободии диёри хеш бошанд. Ҷавонон ва фарзандони хешро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намояд. Онҳоро аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ эмин нигаҳ доранд. Дар сират ва симои ҷавонон ғурури миллӣ ва ҷавонмардонаи тоҷиконаро, ки нуҳуфтааст парвариш намоянд, то ҷоннисору ҷонфидои миллату ватани аҷдодии хеш бошанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд