Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дарҶамоати шаҳраки Нефтобод бо иштироки муовини раиси шаҳри Исфара – Бобоиён М., вохӯрӣ бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо иштироки зиёда аз 80 нафар сокинон, доир гашт.
Дар вохурӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов М., оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати беҳатар ва муқовимат ба савдои одамон, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, суханронӣ намуд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд