Шоми 7 ноябри соли равон кормандони Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе якҷоя бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб бо як гурӯҳ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути парвоз барои фаъолияти меҳнатӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия равонаанд вохӯрӣ барпо намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо мусофирони хатсайри Кӯлоб-Москва муфассал дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, гирифтани Сертификат, Патент, полиси тиббӣ суғуртавӣ, бастани шартнома бо корфармо, ҳолати будубош дар кишвари қабулкунанда, аз ҷумла дар бораи он нафароне, ки вурудашон ба кишвари Россия манъ аст, суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки сокинони вилоят пеш аз сафар ҳатман ба Раёсат, шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин ба “Маркази машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар муроҷиат намоянд.
Сипас мусофирони хатсайр, ки шумораи зиёди онҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медод, аз масъалаҳои рӯз ва проблемаҳои муҳоҷирати корӣ пурсон шуда, ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳар як сокини вилоятро хотирасон карда шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ҳатман забони русӣ, таърих ва қонунгузории давлати қабулкунандаро донанд ва соҳиби касбу ҳунари коргарӣ буданашон низ шарт аст.
Директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Хуҷаназар Акбаров дар назди ҷамъомадагон гуфт, ки муассисаи онҳо омодааст, як гурӯҳ шаҳрвандони мамлакатро, ки соҳибкасб мебошанд, бо ҷойи кор дар ширкатҳои дар Федератсияи Россия ба монанди, ҶДММ “Полати”, ҶДММ “АлмакорГрупп” ва ҶДММ “БиФреш” бо кор таъмин намоянд. Ба маълумоти шаҳрвандон расониданием, ки ширкатҳои болозикр метавонанд сокинони мамлакатро бо шароити хуби корӣ, маоши хуб, ҷойи зисти ройгон ва роҳкиро аз ҳисоби кордиҳанда таъмин намояд. Шахсоне, ки ба ин Марказ муроҷиат мекунанд, ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо ройгон сурат мегирад.
Шаҳрвандоне, ки нияти фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишварро доранд ба суроғаи МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 121, шаҳри Душанбе, Хадамоти муҳоҷират бо телефонҳои: +992 37 22 25 05 75, +992 37 22 25 08 33 дар тамос бошанд.
Дар хотимаи суҳбат ба ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ буклетҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар бораи тарзи гирифтани Патент, будубош, вакансияи ҷойҳои корӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Россия супорида шуд.
Чунин вохӯриҳои судманд аз ҷониби МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ идома хоҳад ёфт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират