Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Роштқалъа вохӯрии саривақтӣ бо сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия доир гардид.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Азизмамадов Рамазон вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла қайд карданд, ки ҳар як шаҳрванд будубоши худро қонунӣ гардонад.
Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ба маълумоти сокинони ноҳия расонида шуд, ки дар Федератсияи Россия растании гармала (исирик, ҳазориспанд) қатъиян манъ мебошад. Гармала (ҳазориспанд) ва моддаи фаъоли он — гармин — мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба моддаҳои нашъадор мансуб дониста мешаванд. Ворид кардан, харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фурӯхтан, истифода бурдан ва тарғиб намудани гармала манъ аст.
Барои гардиш ва истифодаи ғайриқонунии гармала тибқи моддаҳои 6.8 ва 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР, инчунин моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии ФР, ҷарима, ҳабси маъмурӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ — ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россия ва дар ҳолатҳои вазнин — маҳрумият аз озодӣ то ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст. Аз сокинони ноҳияи эҳтиромона хоҳиш карда шуд, ки қонунҳои Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷойи кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

